- ру
- (рӯй)[رو // روي]1. чеҳра, рух2. сатҳ, сафҳа, рӯя; рӯи замин сатҳи замин3. тарафи берунӣ ва болоии чизе; муқоб. пушт; рӯи даст, рӯи хона, рӯи ҳавлӣ4. сабаб, боис; аз ин рӯ аз ин ҷиҳат, аз ин сабаб, бино бар ин; аз рӯи… мувофиқи…, мутобиқи…, ба сабаби…; рӯй андохтан чизеро аз касе пурсидан, хоҳиш кардан; ба рӯи касе задан камбудии (айби) касеро беибо ба худаш гуфтан; рӯ ба роҳ шудан ба ҷое рафтагор шудан; ба ҷое рӯ ниҳодан (рафтан); рӯй додан воқеъ шудан, ба амал омадан; рӯи чизеро надидан аз чизе маҳрум будан, ба чизе дастрасӣ надоштан; рӯ овардан а) муроҷиат кардан (ба касе, ба чизе); б) раҳсипор шудан (ба ҷое); рӯ тофтан аз касе тарк кардан, рӯй гардондан; рӯй турш кардан, абрӯ пурчин кардан, норизоӣ изҳор кардан; рӯи хуш надодан ба касе муомилаи хуб накардан, илтифот накардан; рӯяш сиёҳ! нанг бар вай!
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.